Паём — дастури зарурии амал барои сокинони мамлакат
Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -28 январи соли 2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯён бахшида ба баррасии дастуру ҳидоятҳо ва вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оварда шудаанд, ҷаласа доир шуд.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро мавриди таҳлил қарор дода, афзуд, ки дар баробари он ки имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ бӯҳрони иқтисодию молиявӣ давом дорад, кишвари мо дар арсаи рушди иқтисодӣ ва таъмини рушди иҷтимоӣ назар ба дигар кишварҳои дунё ба муваффақиятҳо ноил гардид. Аз ҷумла, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2007 ба 20,3% афзоиш ёфта, теъдоди корхонаҳои саноатӣ 29,1% зиёд шуд. Маҳсулнокии меҳнат дар соҳа 26,7% афзоиш ёфт, ки ин, пеш аз ҳама, аз ҳисоби ба кор даровардани корхонаҳои нави бо техника ва технологияҳои муосир муҷаҳҳазшуда ба даст оварда шуд. Дар ҳафт соли охир дар кишвар зиёда аз 1600 коргоҳ ва корхонаи нави саноатӣ ташкил шуд, ки ин ҳама аз рушди иқтисодӣ дарак медиҳад.
Дар баробари ин, муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаҳои рейтингии байналмилалӣ назаррасанд. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар рўйхати кишварҳои ҷаҳон аз рўи нишондиҳандаи рушди инсон (НРИ) бо нишондиҳандаи мутобиқ бо сатҳи миёнаи рушди инсон — 0,624 дар байни 188 кишвар ҷои 129-умро ишғол мекунад ва дорои иқтидори назарраси болоравӣ аз рўи ҳамаи ҷанбаҳои асосии НРИ мебошад.
Дар Паёми имсола оид ба рушди минбаъдаи кишвар ва саноатикунонии мамлакат дастурҳо дода шуданд. Бо татбиқи «Стратегияи миллии рушди ҶТ барои то солҳои 2030» Ҷумҳурии Тоҷикистон модели рушди саноатӣ-инноватсиониро пеш гирифтааст, ки он тақозо менамояд корхонаҳои саноатӣ дар кишвар бунёд шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






