Паём — равшанибахши имрӯзу фардо
Душанбе, 29.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ вохӯрии ҷавонон ва донишҷӯён бо мактаббачагони муассисаи таҳсилоти умумии №2, ба номи Қутбӣ Киром баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ШВКД дар ноҳияи Айнӣ, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи мазкур, ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» ва аҳли ҷамоат иштирок намуда, доир ба самтҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, омӯхтани илму дониш,технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ сухан гуфтанд.
Зимни вохӯрӣ узви фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» Муҳсин Муродзода зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола гуфт: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Пешвои миллат аз падару модарон, масъулини таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овард, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои таълими фарзандон шароити заруриро муҳайё созанд.








ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






