Паём таҳкимбахши мароми зиндагии мо ҷавонон аст
Душанбе, 23.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Мо, ҷавонони саодатманди кишвар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро интизор будем, зеро Паём саодатномаи миллат, меҳвари пешбарандаи ҷомеа, раҳнамои фаъолияту зиндагии мо ҷавонон буда, дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Хушбахт ва сарфароз аз онем, ки дар Паёми имсола боз масъалаҳое, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд ва Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи мо ҷавонон чораҳои амалӣ андешад.
Мо ифтихор ва сарбаланд аз онем, ки сазовори боварии боэътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаем.
Зимни ироаи Паём Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин нуктаҳои ҳаётан муҳимро нисбат ба мо, ҷавонон ироа намуд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии мо ҷавонони хуштолеи диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллати хеш бирасем.
Имрӯз вақти он расидааст, ки бо сари баланду рӯи сурх бо истифода аз дастгириву пуштибонии Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишамонро мукаммал ва ҷаҳонбиниамонро васеъ намуда, дар баробари омӯхтани забони модарӣ ва илму дониш, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, истифодаи моҳиронаи технологияи муосир ва дастовардҳои соҳаи компютериро пеша намоем, ки ин масоил дар Паёми имсолаи Сарвари давлат бори дигар таъкид гардид.
Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ таккондиҳанда ва илҳомбахшандаи фаъолияти мо ҷавонон дар ҷомеа гардида, мо масъулияти бузурги давлатдорӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташаббусҳои созанда ва ифтихори баланди ватандорӣ сазовор пешвоз гирифта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






