«Паёми дилҳо» ба шаҳри Душанбе меояд
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Аз 15-ум то 17-уми январи соли 2016 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавонони водии Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ таҳти унвони «Паёми дилҳо» ба шаҳри Душанбе доир мегардад.
Дар доираи сафар вохӯрии ҷавонони язгуломӣ бо ҷавонону донишҷӯёни шаҳри Душанбе, ширкати онҳо дар маҳфили адабӣ бо иштироки муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоири халқӣ Гулназар Келдӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангӣ, инчунин шиносоӣ бо мавзеъҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






