«Паёми Президент — роҳнамо ба сӯи фардои дурахшон»
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр ҳамоиш таҳти унвони «Паёми Президент — роҳнамо ба сӯи фардои дурахшон» бо иштироки фаъолзанон, аъзои Шӯрои занон, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, устодони Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои биологӣ Зебуниссо Домуллоева ва мудири кафедраи адабиёти классикии ДДХ Нуралӣ Нурзод иштирок намуда, оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат сухан карданд.
Аз ҷумла, дар ҷаласа зикр гардид, ки Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки бобати андешидани тадбирҳо дар самти боло бурдани сатҳи маърифатнокии занон, пешгирии ҳолатҳои номатлуб, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, пешгирии ифротгароии ҷавонон ва истифодаи неруи занон фаъол буда, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






