«Пешвои миллат — ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик»
Душанбе, 09.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро сокинони ноҳияи Ғончӣ бо хушнудӣ пазируфта, силсилаи чорабиниҳо ба хотири ин паёмади неки таърихи миллат агар дар ноҳия бо роҳпаймоии зиёда аз ҳазорнафараи ҷавонону наврасон ооз гардида бошад, имрўзҳо қариб дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаю кўчаю хонадони ноҳияи Ғончӣ бобати ин зуҳуроти сарнавиштсози сиёсиву давлатӣ чорабиниҳои гуногун баргузор шуда истодаанд.
Чунин чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ёрии иҷтимоӣ»-и ноҳия сурат гирифта, боиси сарҷамъии фаъолзанони ин муассиса дар атрофи мавзўи «Пешвои миллат — ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик» гардид. Сарвари ташкилоти мазкур Лутфинисо Солиева зикр намуд, ки миллати тоҷик дар тўли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибору эътироф ёфтаанд. Аммо садсолаҳо набудани давлати миллии худӣ имкон намедод, ки мо дорои лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ бошем, зеро ташаккули чунин падида маҳз дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир аст. Имрўз, ки Тоҷикистон ба шарофати хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон соҳибистиқлолу соҳибнуфуз аст, месазад, ки марди сарнавиштсозамон — Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат ва минбаъд низ сарҷамъкунандаву роҳнамуни мо бошад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






