Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб шуд
Душанбе, 16.01. 2016 (АМИТ «Ховар») — Имрӯз дар шаҳри Душанбе анҷумани навбатии XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар анҷуман аз 175 вакил 168 нафар иштирок доштанд. Вакилони анҷуман ҳисоботи раёсати Иттифоқи журналистонро дар давраи солҳои 2010-2015 шуниданд.
Дар натиҷаи овоздиҳии кушода, Зинатуллои Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб шуд. Сипас дар назди вакилони анҷуман ва намояндагони тамоми расонаҳои хабарии кишвар, Ёрдамчии Президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан гуфт.
Хотиррасон бояд намуд, ки то ин замон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов буд, ки соли гузашта ба таври ногаҳонӣ фавтид.























МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад






