Раисони 8 шаҳру ноҳия иваз гардиданд

Январь 11, 2016 12:11

Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ “Ховар”). – Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 11 январи соли равон Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, Расулзода Дилшод Ҷабборӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин гардид.

Арбобзода Қодир Нодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод таъин шуд.

Нозирӣ Зариф Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардида, Маннонзода Абдусамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шуд.

Салимзода Комил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Русулови вилояти Суғд таъин шуда, Ҳакимзода Сангимуроди Дӯстмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод гардид.

Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин гардид ва Таваккалзода Абдуҷон Шариф бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод шуд.

Раҷабзода Салоҳиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон таъин шуда, Хуҷамурод Фазлиддин  бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод гардид.

Зарифзода Почохон Ҳабибулло  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таъин гардида, Икромзода Амирхон аз ин вазифа бо сабаби расидан ба синни нафақа озод шуд.

 

Январь 11, 2016 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд