«Реклама ва робита бо ҷомеа»- ихтисоси нав дар филиали ДДМ ба номи М. Ломоносов
Душанбе, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба кадрҳои баландихтисос, имконоти васеи сайёҳии Тоҷикистон ва боигариҳои табиӣ, филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ тасмим гирифтааст, ки соли равон дар филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ихтисоси нави «Реклама ва робита бо ҷомеа»-ро таъсис диҳад»,- гуфт ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сайъло Мирзоев.
Ҳамчунин Сайъло Мирзоев илова намуд, ки ба ихтисоси «Реклама ва робита бо ҷомеа» 28 донишҷӯ қабул мешаванд, ки дар назар аст 10 нафар аз тариқи буҷавӣ ва 18 нафар шартномавӣ қабул гарданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






