Роғун: Рушди соҳаи кишоварзӣ дар соли сипаришуда
Роғун, 12.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- Зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Роғун раиси шаҳр Ш. Шарифзода оид ба натиҷаҳои тамоми соҳаҳои шаҳр сухан гуфт. Вай афзуд, ки дар соли рафта кишоварзони шаҳр ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ҳамагӣ дар майдони 24З7 гектар кишт гузарониданд, ки аз он 1842 гектарро гандум, ҷав, нахӯд, 5З гектарро зағир, 1З5 гектарро сабзавот, 186 гектарро картошка ва 221 гектарро хӯроки чорво ташкил мекард. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 6З гектар боғҳои нав бунёд гардиданд, ки аз ин 15 гектараш дарахтони мевадиҳандаи зардолу, 14 гектар себ, 6,5 гектар нок, 4 гектар гелос, 6,5 гектар олуча,З гектар чормағз ва 14 гектар дигар намуди дарахтонро дар бар мегирад. Инчунин дар майдони 20 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






