Саҳми ҷавонони «Пешоҳанг» дар ободонию созандагӣ
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» шурӯъ аз 19-уми январи соли равон вохӯриҳои ҷавонон ва донишҷӯён бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Айнӣ зери шиори «Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» дар давраи таътили зимистона оғоз мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки бо иқдоми ҷавонони фаъол ва дастгирии пирони кордида дар маркази деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, нишастгоҳ барои 60 нафар ба истифода дода шуд.
Ин иқдоми аввалин набуда, ҷавонони фаъол роҳҳои байни деҳаро обод намуда, барои бунёди боғ ниҳолҳо низ шинониданд.
Чунин ташаббус ва иқдоми созанда аз ҷониби ҷавонони «Пешоҳанг» шоистаи таҳсин ва қобили дастгирист. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони кишвар вақти холигии худро пурсамар истифода бурда, омодаанд дар ободию созандагии Ватан саҳми босазо гузоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






