Сабаби қоидавайронкуниҳои зиёд суръати баланди ҳаракати нақлиёт аст
Душанбе, 30.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и РБДА ВКД ҷаласаи Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баргузор гардид. Дар кори он вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон, муовинони вазирони мудофиа, молия, нақлиёт, адлия, рушди иқтисод, кишоварзӣ, тандурустӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, муовинони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор иштирок намуданд.
Раиси комиссия вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро гуфт, ки бо мақсади ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти дахлдори соҳаи таъмини ҳаракат дар роҳ Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо таъсис дода шуд.
Таҳлилу омўзиши амиқи масъала нишон медиҳад, ки ҳолати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти дахлдорро талаб менамояд. Дар ин раванд, соли 2013 ду маротиба ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ доир гашта, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас дода шудаанд.
Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ гардида истодааст, ки он ба беҳтар шудани риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо мусоидат менамояд.
Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи «Шаҳри бехатар» сохтмони иншооти чароғакҳои роҳнамо ва политсияи электронӣ, инчунин насби таҷҳизоти банаворгирӣ аз 71 чорроҳаи ба нақша гирифташуда, дар 70-тои он корҳо ба итмом расонида, ба марказ пайваст карда шудааст.
Вобаста ба камбудиву норасогиҳои дар самтҳои алоҳидаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ — сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Маҳмадсаид маъруза намуд.
Ба гуфтаи мавсуф шумораи бештари ҳалокат ва маҷрӯҳии иштирокдорони роҳ дар зеркунии пиёдагардон (34% аз ҳисоби умумӣ) ба қайд гирифта шудааст. Инчунин суръати баланди ҳаракат аз ҷониби ронандаҳои воситаҳои нақлиёт аз бештари қоидавайронкуниҳо ба ҳисоб меравад.
Иштирокдорон вобаста ба вазъи имрӯзаи роҳу нақлиёт, таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум дар мавсими зимистон, нақшаи марҳила ба марҳила беҳтарсозии вазъи роҳҳои кишвар ва дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Зарур шуморида шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ зиёдтар шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






