Сафи тамошобинони осорхонаи Кӯлоб меафзояд
Кӯлоб, 09.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар арафаи ҷашни 2700- солагии шаҳри Кӯлоб дар маркази шаҳр бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон осорхонаи Кӯлоб ё муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб ба фаъолият шуруъ намуд. Тавре ки директори Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаи Кӯлоб Ҳотам Асозода итилоъ дод, зиёда аз 5 ҳазор нигора аз шаҳру ноҳияҳо дарёфт гардида, дар осорхона ҷамъоварӣ шудаанд. Сол ба сол шумораи шаҳрвандоне, ки аз осорхона дидан мекунанд, меафзояд. Сайёҳони хориҷӣ ва меҳмонони шаҳр низ пайваста ба осорхона меоянд, то аз таърихи бою рангини мардуми ин минтақа огаҳӣ ёбанд. Маъмурияти Мучтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб дари осорхонаи Кӯлобро ҳамарӯза ба рӯи шаҳрвандон боз менамоянд ва кӯшиш бар он доранд, ки нигораҳои нав ворид намуда, гӯшаҳои осорхонаро бою рангин гардонанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






