Семинар: Истифодаи мақсадноки маблағҳои сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори фарҳангии муассисаи таҳсилоти умумии №1-и ноҳияи Восеъ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари методӣ барои директорони муассисаҳои таълимӣ дар мавзўи «Оид ба мақсаднок истифодабарии маблағҳои сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» доир гардид.
Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Санавбар Хоҷаева ба директорони муассисаҳои таълимӣ оид ба роҳҳои банақшагирии маблағи сарикасӣ ва нақшабандии самараноки он, низоми маблағгузории сарикасӣ ва такмили молияи муассисаҳои таълимӣ маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.
С. Хоҷаева ҳамчунин таъкид намуд, ки ба низоми маблағгузории сарикасӣ гузаштани муассисаҳои таълимии кишвар як падидаи наву судманде маҳсуб мешавад, ки мухторияту соҳибихтиёрии маъмурияти мактабҳоро дар масъалаи молиявӣ пурра таъмин менамояд, зеро Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ гуфт: «Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи маориф бомаром идома дорад. Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар пурра ба маблағгузории сарикасӣ гузашта, фаъолияти низоми молиявӣ дар ин муассисаҳо ба танзим дароварда шудааст.
Вобаста ба ин вазоратҳои молия, маориф ва илмро зарур аст, ки барои давра ба давра ба маблағгузории сарикасӣ гузаронидани зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ чораҷўӣ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






