Ш.Бобозода: Истеҳсоли семент ба беш аз 1 млн. тонна расонида шуд

Январь 28, 2016 12:09

Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Соли 2015 дар минтақаҳои дорои манбаи зарурии ашёи хом 468 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ таъсис гардида, дар онҳо 8 ҳазору 903 нафар аҳолии қобили меҳнат ба кор фаро гирифта шуданд”-,гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шавкат Бобозода имрӯз, 28 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфтаи вазир, дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ нисбат ба соли 2014 ҳаҷми тилло 131, 60 %, нуқра 161 % истеҳсол шуда, аз ҷониби корхонаҳои истихроҷи ангишт 1 млн. 42 ҳазор тн. ангишт истеҳсол гардид.
“Дар ин давра истеҳсоли семент ба 1,4 млн. тонна расонида шуд, ки ин натиҷаи баландтарин дар таърихи саноати мамлакат мебошад”,-илова намуд вазир.

Январь 28, 2016 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад