Ш. Рустам: «Тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст»
Душанбе, 13.01. 2016. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Данғара Қурбонзода Ҳилолбӣ дар бораи масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосия- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ“ иброз доштанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунгузории муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани баъзе номутобиқатиҳои дохилӣ, инчунин ба танзим даровардани номгузории ба пояҳои таърихӣ ва фарҳангии миллии тоҷикӣ асосёфта, бо мақсади арчгузорӣ ба суннатҳо ва арзишҳои писандидаи фарҳанги миллӣ ва ниёгон ҳамчунин пешгирии тамоюли номгузорӣ ба фарҳанги миллии тоҷикии бегонаи душворфаҳм таҳия гардидааст.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида номувофиқатии дохилии моддаи қонунро оид ба тартиби сабти насаб, ном ва номи падарӣ бартараф менамояд. Тибқи лоиҳа ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии талабот, бояд насаб ва ном инчунин метавонад номи падарии ба асосҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асоснок дошта бошад. Мутобиқи лоиҳа ҳамчунин ба номи шахс ҳамроҳ кардани тахаллусҳо, аз ҷумла мулло, суфӣ, ҳоҷӣ, шайх ва халифа, ки боиси тафриқаандозии одамон мегарданд, инчунин ба кӯдакон гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд, манъ карда шудааст.
Раиси Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки одамон метавонанд бо ин феҳрист маҳдуд нашуда, барои фарзандонашон номҳои дигареро, ки ба фарҳанги миллии тоҷикон мувофиқанд, интихоб кунанд.
Шоҳмурод Рустам иброз намуд, ки тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар ИКАО тасдиқ мегарданд, мувофиқанд. Тибқи шартҳои ИКАО дар ҳуҷҷатгузорӣ ҳатмӣ будани ду унсур- насаб ва ном аст ва он низ метавонад унсури сеюм, яъне номи падарӣ дошта бошад.








Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд






