Шаҳрдорӣ барои толибилмон 2000 компютери “Acer» харид
Душанбе, 15.01.2016.(АМИТ “Ховар”).-Шаҳрдории Душанбе аз ҳисоби буҷети пойтахт барои муассисаҳои таълимии шаҳр 2000 компютери ҳозиразамон-моноблокҳои тамғаи “Acer» харидорӣ намуд. Ин тадбир дар самти татбиқи Барномаи давлатии компютеркунонӣ дар кишвар нақши муассир гузошта, иҷрои барномаи мазкурро дар пойтахт 125,6% ташкил дод. Дар ин росто дар пойтахт ба 11,9 нафар хонанда як компютер рост меояд.
Бояд тазаккур дод, ки ширкати “Acer” ҳамчун яке аз бузургтарин ширкатҳои тавлидкунандаи компютер, проектор, смартфон ва дигар таҷҳизоти техникӣ барои муассисаҳои таълимӣ дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Дар нуфузи (рейтинги) ҷаҳонии тавлидгарони васоити техникӣ барои муассисаҳои таълимӣ баъди ширкатҳои “Apple” ва “Lenovo” мақоми сеюмро касб менамояд. Алҳол ба ширкати “Acer” чор тамғаи машҳури ҷаҳонӣ- “Acer”, “Packard Bell”, “Gateway” ва “Machines” тааллуқ доранд. Қароргоҳи ширкати мазкур шаҳри Тайпейи Тайван буда, намояндагӣ ва корхонаҳои тавлидотии он дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҷойгиранд.
Моноблокҳои барои муассисаҳои таълимии Душанбе харидшуда, намуди “Aсer Aspire Z1-623” бо протсесори “Intel Core I3” мебошад. Ин протсесорҳо аз насли нави протсессорҳои муосир буда, он аз протсессорҳои “Intel Pentium IV” ба куллӣ тафовут дорад. Ин протсессорҳо дорои низоми бисёрядрогӣ буда, бо зудкорӣ ва коркарди бештари амалҳо дар як вақт аз дигар протсессорҳо афзалият дошта, дар низоми маорифи кишвар истифодаи он танҳо насиби толибилмони пойтахт гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






