Шоҳҷоиза — мошини сабукрав!
Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Аз 28-уми январ то 4-уми феврали соли равон бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳавасманд барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш- солимии ҷомеа» гузаронида мешавад.
Барои варзишгари ғолиб Шоҳҷоиза- мошини сабукрав пешбинӣ шудааст. Дархостҳо барои иштирок дар мусобиқа ба ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод карда шаванд.
Телефонҳо барои тамос: 93-922-23-62, 93-922-23-63, 93-922-23-74, 93-922-44-44, факс: 221-32-81.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






