ШВКД дар ноҳияи Спитамен аз таъмири асосӣ бароварда шуд

Январь 14, 2016 13:44

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷараёни хизматбарии ҳайати шахсӣ, шароити корӣ ва таъмиру таҷдиди ШВКД дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дидан намуд.
Бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорони ватанӣ бинои ШВКД дар ноҳияи Спитамен аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо тамоми шароити мусоид муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар ин радиф майдончаи варзишӣ ва футболбозӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон аз чуқурии 20 метр оби ошомиданӣ кашида бароварда шуда, ҳайати шахсӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.
Зимни боздид вазири корҳои дохилӣ бо корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шуъбачаи БДА ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи мазкур шинос гардида, аз сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Вазири корҳои дохилӣ дар саҳни бинои ШВКД дар ноҳияи Спитамен бо ҳайати шахсӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия мулоқот намуда, ба онҳо барои боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Шаҳрвандон ва дружиначиёни ихтиёрие, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ бо «Ифтихорнома»-ҳо ва туҳфаҳои қимматнок қадрдонӣ гардиданд.

Январь 14, 2016 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст