Содироти маҳсулоти коргоҳҳои Хуҷанд ба беш аз 14 давлат

Январь 16, 2016 12:04

Хуҷанд, 16.01.2015. (АМИТ “Ховар”).- Дирӯз дар мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд нишасти хабарии раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода оид ба натиҷаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи маркази вилоят дар соли 2015 бо намояндагони ВАО доир гашт.
Тавре ки шаҳрдори Хуҷанд иброз дошт, дар соли 2015 иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 106,2 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 106 фоиз таъмин гардида, нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 16,2 миллион сомонӣ ва 6 миллион сомонӣ зиёд иҷро гаштанд.
Ҳамчунин 11 намуди андозҳои буҷети давлатии шаҳр низ пурраю барзиёд таъмин гардиданд.
Инчунин дар давоми соли 2015 дар Хуҷанд 48 корхонаи нави хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шуда, дар умум шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 167 адад расида, бо ташкили коргоҳҳои нав 729 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар ин замина маҳсулоти саноатии коргоҳҳои шаҳр ба 14 давлати муштаракулманофеъ содирот мешавад.

Январь 16, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!