Сохтмони зиёда аз 60 иншооти гуногун дар Исфара
Душанбе, 5.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Исфара дар айни замон сохтмони зиёда аз 60 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ идома дорад.
Дар доираи амалигашти «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» сохтмони Маркази адлия барои кормандони САҲШ, нотариус ва судиҷрочиёни шаҳр, бинои хизматии прокуратураи шаҳр, таъмиру навсозии бинои якуми беморхонаи марказии шаҳр тибқи нақша сурат мегиранд.
Мутобиқи нақшаи генералии шаҳр дар маркази шаҳр 7 бинои панҷ-шашошёнаи истиқоматӣ сохта шуда истодааст.
Дар давоми соли 2015 ба маблағи 21,4 млн сомонӣ корҳои пудратӣ ба иҷро расиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 2,9 млн. сомонӣ зиёданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






