Соли 2015 барои сохтмони муассисаҳои фарҳангӣ 2 млн. 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иншооти сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ дар соли 2015 2 млн. 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид.
Маблағи мазкур мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ба иншооти зерин тақсим гардиданд: барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик — 1340 ҳазор сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Нуробод — 450 ҳазор сомонӣ, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Варзоб — 350 ҳазор сомонӣ, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шӯрообод — 300 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию нақшавии сохтмони иншооти солҳои оянда (хонаҳои фарҳанг дар деҳаҳои ноҳияи Рӯшон) — 60 ҳазор сомонӣ. Дар давоми сол корҳои сохтмону васлкунӣ дар иншооти Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик ба маблағи 980 ҳазор, сохмони Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба маблағи 131 ҳазор сомонӣ, Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод корҳои сохтмону васлкунии чиндани деворҳои хиштии ошёнаи якум ва рехтани сутунҳои бетону оҳанӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ маблағ аз худ гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. Дар сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Шӯрообод аз ҷониби пудратчӣ (Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони тобеъ) корҳои зеризаминӣ ба анҷом расонида шуда, корҳои мустаҳкамкунии таҳкурсиҳо идома доранд.
Бо сабабҳои бӯҳрони молиявӣ соли гузашта маблағгузории сохтмони асосӣ кам гардида, то ин давра аз маблағи пешбинишуда танҳо 1 млн. 411 ҳазор сомонӣ аз худ шудааст. Дар ин замина, шурӯъ аз моҳи июл то моҳи декабри соли 2015 маблағгузории сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Шӯрообод (300 ҳазор сомонӣ) қатъ гардида, аз маблағгузории иншооти «Қасри фарҳанг дар ноҳияи Нуробод» — 150 ҳазор сомонӣ, «Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб» — 100 ҳазор сомонӣ ва корҳои лоиҳакашӣ — 60 ҳазор сомонӣ пардохт нагардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






