Соли 2015 дар Душанбе 2 ҳазору 983 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд
Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Тайи соли 2015 дар шаҳри Душанбе 83 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 2 ҳазору 983 нафар бо кор таъмин гардид, хабар дод муовини раиси шаҳри Душанбе Шуҳрат Мақсудзода дар нишасти матбуотӣ.
Муовини раиси шаҳр изҳор дошт, ки дар давраи ҳисобот бо ибтикори марказҳои шуғли аҳолӣ 4 ҳазору 73 нафар шаҳрвандон дар корхонаю муассисаҳо бо кор таъмин шуданд.
Ғайр аз ин аз ҳисоби бунёди муассисаю корхонаҳои нав ва рӯи кор овардани иқтидорҳои ҷадид дар пойтахт 32 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд, ки ин 104,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






