Соли 2015 дар ҷумҳурӣ 694 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид
Душанбе, 05.04.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар соли 2015 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо 694 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, аз ҷумла дар ВМКБ -52 ярмаркаи ҷойҳои корӣ, вилояти Суғд — 257, вилояти Хатлон — 278, шаҳри Душанбе — 24 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 83 чорабинӣ баргузор гардиданд. Дар ярмаркаҳо 7038 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, ба корҷўён ба ҳисоби миёна ҳар як корхона зиёда аз 13,2 ҷойҳои кориро пешниҳод намуд, ки дар маҷмўъ 93 385 ададро ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 7062 шаҳрванд ба ҷои кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 5091 нафар (72%) бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.
Таҷрибаи ташкил намудани ярмаркаи соҳавии ҷойҳои корӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва корфармоён тадбири муассир дар мусоидат ба шуғли бекорон мебошад.
Дар маҷмўъ тавассути гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар давраи баррасишаванда 11799 шаҳрванд ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд, ки аз ин теъдод 1552 нафар зан ва 1441 ҷавонон мебошанд.
Аз теъдоди ҷойҳои кории пешниҳодшуда 1701 адад ба соҳаи саноат (музди миёнаи меҳнат 788 сомонӣ), 117 адад ба соҳаи сохтмон (музди миёнаи меҳнат 829 сомонӣ), 606-то ба соҳаи кишоварзӣ (музди миёнаи мехнат 375 сомонӣ), 202-то ба соҳаи нақлиёт ва алоқа (музди миёнаи меҳнат 485 сомонӣ), 801-то ба соҳаҳои маориф ва фарҳанг (музди миёнаи меҳнат 509 сомонӣ), 2120 адад ба соҳаи тандурустӣ (музди миёнаи меҳнат 520 сомонӣ), 215 адад ба соҳаи савдо ва хизмати маишӣ (музди миёнаи меҳнат 528 сомонӣ), 227-то ба соҳаи манзилию коммуналӣ (музди миёнаи меҳнат 507 сомонӣ) ва 1258 ҷойи корӣ ба дигар соҳаҳо (музди миёнаи меҳнат 672 сомонӣ) рост меояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






