Соли 2015 рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардид
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар соли 2015 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳо таъмин гардида, дар саноати ангишт 114,8%, саноати маъдани кўҳӣ 131,7%, саноати масолеҳи сохтмон 133,6%, саноати сабук 101,7%, саноати мошинсозӣ 149,4%, саноати табъу нашр 143,6%, саноати хўрокворӣ 103,9%, корхонаҳои пахтатозакунӣ 96,7% ва электроэнергетика 117,2%-ро ташкил дод. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода таъкид дошт.
Бино ба гуфтаи вазир, дар соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби корхонаҳои азим КМ “Зарафшон”, ҶММ “Хуаксин Ғаюр Семент”, ҶДММ “Ширкати кўҳи саноатии Тоҷикистону Хитой”, КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик”,ҶММ “Интер сохтмон” ва ғайра, дар маҷмўъ ба маблағи умумии 1 млрд. 756,8 млн. сомонӣ зиёд шуд.
“Дар соли 2015 рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ВМКБ 128,4%, НТҶ 123,8%, вилояти Суғд 117,7%, вилояти Хатлон 114,1% ва шаҳри Душанбе 110,0%-ро ташкил дод”,-афзуд Ш. Бобозода.








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






