«Соли фарди солим» ва таъмиру барқарорсозии иншооти соҳаи тиб
Хуҷанд, 5.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Соли 2016 дар вилояти Суғд бо ташаббуси раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ «Соли фарди солим» эълон шуд ва интизор меравад дар ин сол сатҳи хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар гардад.
Дар соҳаи тандурустӣ бо назардошти эълон гаштани «Соли фарди солим» ба истифода додани бинои нави «Маркази ёрии таъҷилӣ», Беморхонаи касалиҳои сил, таъмири марказҳои саломатӣ, бо таҷҳизоти нав таъмин намудани онҳо, омода намудани лоиҳаи бинои нави Беморхонаи касалиҳои сироятӣ ба нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дароварда шудааст. Иншооти замонавии тиббӣ барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳо таъсири мусбати худро хоҳанд расонид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






