Сомалӣ ба бойкоти Эрон ҳамроҳ шуд
Душанбе, 08.01.2016 (АМИТ «Ховар»). Ҳукумати Сомалӣ муносибатҳои дипломатиашро бо Эрон дар заминаи низоъ миёни Теҳрон ва Эр-риёз қатъ намуд. ВКХ Сомалӣ сафири худро аз Эрон бозхонда ва ба дипломатҳои эронӣ дастур дод, ки дар давоми 72 соат кишварро тарк намоянд, хабар медиҳад «Associated Press».
3 январ эътирозгарони эронӣ ба сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ҳамла карданд, ки баъд аз он вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Одил-Ал-Ҷубайр изҳор дошт, ки шоҳигарӣ муносибатҳои дипломатиашро бо Эрон қатъ мекунад. Дар пайи Арабистони Саудӣ ҳамчунин Баҳрайн, Судан ва Ҷибути робитаҳои дипломатии худро қатъ карданд. Дар навбати худ, Амороти Муттаҳидаи Араб сатҳи намояндагии дипломатиро паст намуда, Кувайт ва Қатар сафиронашонро бозхонданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






