Суди ноҳияи И.Сомонӣ: Таъйини ҷазо барои иштирок дар сабқати нақлиётӣ
Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба Восидов Фаррух Саъдулоевич бо моддаи 328 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, маълум намуд, ки ӯ дар таърихи 11.10.2015 сол соати 16:00 бо мошини тамғаи «Крайслер-300», рақами қайди давлатиаш 03-59 ДД 01 дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе дар ҳаракати муштараки гурўҳӣ иштирок кардааст. Номбурда бо ин амалаш ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа ва халал расонидааст, ки ин рафтораш бар хилофи талаботи моддаи 328 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз тарафи корманди ХР БВМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калон Алишери Б. Нисбат ба Восидов Фаррух Саъдулоевич санади ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шудааст ва бо ҳукми суд Восидов Фаррух Саъдулоевич бо моддаи 328 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне баробар ба 120 (яксаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






