Тақдими дипломҳои академикии Академияи муҳандисии Тоҷикистон
Душанбе, 25.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими супоридани дипломҳои академикии Академияи муҳандисии Тоҷикистон ба ду нафар устоди донишгоҳ сурат гирифт. Мунъимҷон Абдусамадов, ноиби президенти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломҳои академики муҳандисии Анвар Мақсудов, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Масаид Шерматов, номзади илмҳои физика-математикаро тақдим намуд. Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 узв дошта, аз онҳо 30 нафарашонро академикҳо ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






