Таҳияи ду Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ
Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022» таҳия гардидааст, ки хароҷот барои татбиқи барномаи мазкур аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 41 млн. 675 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 33 млн. 610 ҳазор сомонӣ, аз буҷети мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ 1 млн. 415 ҳазор сомонӣ ва ҷалби сармоя 6 млн.650 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин лоиҳаи дигари қарори Ҳукумати Ҷумҳурии «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба рушди санъати «Шашмақом»-у «Фалак» ва мактаби суннатии устод-шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида, манбаъҳои асосии маблағгузории татбиқи барномаи мазкур маблағҳои ҳамасола аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва илму маориф ҷудошаванда, инчунин грантҳои фондҳои байналмилалӣ буда, хароҷот барои татбиқи барнома аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ (тибқи нархҳои солҳои дахлдор) 3529 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






