Тағйироти кадрӣ дар ҳайати Ҳукумати мамлакат ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ

Январь 27, 2016 10:21

Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти чанде аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Марҳабо Ҷабборӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Ба ҳамин тартиб, Худоёрзода Бахтиёр Тавар аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва номзадиаш барои тасдиқ ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Раҳмон Озода Эмомалӣ аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Эркинхон Раҳматуллозода, ки то ин вақт ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ буд, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ таъин гардида, Солиев Рустамҷон Абдуллоевич аз ин вазифа озод гардид.

Шарифӣ Аъзамшо Латифзод аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ озод ва ба вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин карда шуд.

Қосимов Эркин Садриддинович бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод карда шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша таъин гардид.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нозирӣ Хусрав ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия таъин карда шуд.

Хидирзода Махфират Умар аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оила озод ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Қосимзода Идигул Тағо аз вазифаи ректори Донишкадаи Давлатии Забонҳои Тоҷикистон озод ва   раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин карда шуд.

Ба вазифаи ректори Донишкадаи Давлатии Забонҳои Тоҷикистон Раҷабзода Маҳмадулло таъин гардид.

Ҳамчунин Вализода Рустам Файз муовини вазири нақлиёт,  Абдуллозода Исматулло Файзулло директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” таъин гардида, Халиков Рустам Исупович аз вазифаҳои директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” озод карда шуд.

Шерзода Ситора Маннон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод гардид.

Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Кабиров Мизроб Саидович ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳое, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаи роҳбарӣ содиқона адои вазифа намудаанд, арзи сипос карда, кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати софдилона ба манфиати халқу Ватан ҳидоят намуд.

 

 

 

 

 

 

Январь 27, 2016 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд