Таҷрибаи парваришу гирифтани ҳосили дуюми пилла роҳандозӣ гардид

Январь 30, 2016 09:01

Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Барои беҳтар намудани сифати пиллаи истеҳсолшуда чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар кишвар таҷрибаи парваришу гирифтани ҳосили дуюм роҳандозӣ гардид”,-гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шавкат Бобозода
Бино ба маълумоти вазир, масъалаҳои парвариши кирмаки абрешим, васеъ намудани майдонҳои тутзор ва парвариши навъҳои нави селексионии ниҳолҳои тут, ҳавасмандгардонии кирмакпарварон дар маркази диққат қарор дода шуд. Чунин чорабиниҳо имконият дод, ки дар ноҳияҳои кӯҳистони дурдаст ҷойҳои кории мавсимии иловагӣ ташкил гарданд.
“Аз ҳамин сабаб, барои рушди минбаъдаи соҳаи атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ дар самти таъсиси корхонаҳои коркарди пилла шароити муносиб фароҳам омад”,-афзуд вазир.

Январь 30, 2016 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд