Тамдиди лоиҳаи «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳо»
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода намояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон «JICA»- ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо протокол оид ба тамдид намудани муҳлати лоиҳаи «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳо»-ро, ки омӯзиши мутахассисони соҳаи роҳро дар бар мегирад, ба имзо расонданд.
Роҳбари намояндагии «JICA» дар Тоҷикистон Кёши Ишии зимни мулоқот аз ҳамкории дуҷониба изҳори хушнудӣ намуда, ҳамчунин иброз дошт, ки Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон «JICA» ҳамеша омода аст бо вазорат ҳамкориро идома диҳад.
Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода изҳори бовар намуд, ки ҳамкории минбаъдаи дуҷониба дар оянда низ самараи хуб хоҳанд дод.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






