Ташкили қатли шавҳар аз ҷониби зан
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 17-уми январ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи ноҳияи Ашт ва ҳамдеҳаи ӯ марди 47-солаи қаблан бо моддаҳои 108 (таҳрири соли 1961) ва 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшуда, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардиданд.
Тафтишот муайян намуд, ки зани гумонбаршуда бо маслиҳати пешакӣ бо ин мард шавҳараш, марди 32-солаи ҳамин ноҳияро 06- уми январ дар ҳавлии истиқоматиаш бо роҳи фиреб барои таъмир намудани насоси обкашӣ ба дохили чоҳи чуқуриаш 4 метр дароварда, бо санг якчанд маротиба задаанд. Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сипас гумонбаршудагон ҷасади мардро ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс-190” бор карда, ба ҳудуди заминҳои саҳроӣ бурда, ба болои ҷасад сӯзишвории дизелиро пошида, оташ задаанд.
Дар вақти ташхиси криминалистӣ қисми боқимондаи ҷасади марҳум дарёфт шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






