Ташкилоти қарзии хурд муттаҳид мешаванд

Январь 14, 2016 15:32

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилоти маблағгузории хурд” ва бинобар иҷро накарданӣ талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилоти қарзии хурд”, бо қарори навбатии худ аз 12 январи соли равон дархости ҶДММ ТҚХ “Ворух” ва ҶДММ ТҚХ “Рушди обшорон”-ро барои ҳамроҳшавӣ ва азнавташкилдиҳии ҶДММ ТҚХ “Меҳнатобод” иҷозат дод.
Дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶДММ ТҚХ “Ворух” ва ҶДММ ТҚХ “Рушди обшорон”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудаанд, бозхонд мешаванд.
Бино ба иттилои БМТ, ҶДММ ТҚХ “Меҳнатобод” вазифадор карда шуд, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва дигар санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Январь 14, 2016 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст