Таъсис додани марказҳои ҳунаромӯзӣ дар ҷамоатҳои Конибодом
Конибодом, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Барои иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба таъсиси марказҳои адрасбофию атласбофӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону бонувони хонашин дар шаҳри Конибодом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаи Агентии шуғли аҳолии шаҳр корҳои назаррас ба анҷом расида, бонувони бекор ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Бо ин ҳадаф ҳоло дар ҳамаи 6 ҷамоати деҳоти шаҳр марказҳои касбомӯзӣ барои бонувону духтарони хонашин таъсис шуда, аз ҷониби раиси вилояти Суғд ба ҳар як ҷамоат 4 ададӣ дастгоҳҳои адрасбофӣ дастрас шудаанд.
Бо таъсиси чунин марказҳои касбомӯзӣ наздик ба 300 нафар занону духтарон соҳиби шуғл гардиданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






