Таъсиси гармхона дар Кӯлоб
Кӯлоб, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ноҳияи Кӯлоб аслан ноҳияи аграрӣ буда, аксари сокинон ба кишоварзӣ машғул мебошанд. Солҳои охир дар ноҳия истифодаи кишти зериплёнка ва гармхонаҳо васеъ ба роҳ монда шудааст. Ба гуфти Холмурод Холов, кишоварзи хоҷагӣ гарчанде дар қисмати поёнии ҷамоати деҳоти Зарбдор деҳқонон аз норасоии оби ирригатсионӣ танқисӣ намекашанд, вале бо роҳандозӣ намудани як барнома усули обёрии қатрагиро ба роҳ мондаанд. Истифодаи ин усул на танҳо барои захираи об, инчунин барои коркарди замин ва ҳосилнокии маҳсулот, сарфаи нуриҳои минералию органикӣ мусоидат мекунад. Усули обёрии қатрагиро дар гармхонаҳо низ роҳандозӣ намудаанд ва шурӯъ аз моҳи октябр ҳосили аввалро ҷамъоварӣ намуда, сабзаҷот коридаанд. Гармхона дар ин хоҷагии деҳқонӣ ба таври муосир сохта шудааст, ки баробари андак расидани шуоъҳои офтоб ҳарорати дохилаш баланд мешавад. Дар истифодаи ин гуна гармхонаҳо қувваи корӣ низ сарфа гардида, ҳамзамон даромади хуб меоранд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






