Таъсиси як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон
Душанбе, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар») .-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20 январ зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуд, ки ихтисосмандоне, ки таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббиро пурраву самаранок истифода бурда тавонанд, дар кишварамон ҳанӯз хеле каманд.
Сарвари давлат хотиррасон кард, ки дар баробари ҳалли масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайёр кардани чунин мутахассисон бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбарону масъулини соҳа бошад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки то ҳанӯз нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар як зумра шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад.
«Донишгоҳи тиббӣ, ки дар мамлакат ягона мебошад, масъалаи тайёр кардани кадрҳоро дар ин соҳа пурра иҷро карда натавониста истодааст ва заминаи моддиву техникии он имкон намедиҳад, ки қабулро зиёд карда, талаботи кишварро вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар муқоиса бо ҳафтоду ҳафт соли пеш, яъне соли таъсиси донишгоҳ, ки аҳолии Тоҷикистон аз якуним миллион нафар камтар буд, қонеъ гардонад»,-гуфт Президенти Тоҷикистон.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дод, то боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон таъсис дода шавад ва он то оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шурӯъ кунад.
«Илова бар ин, барои ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла истифодабарандагони таҷҳизоти электронии тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»,-илова намуд Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






