Татбиқи зиёда аз 130 лоиҳа дар Қурғонтеппа
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Қурғонтеппа бунёди 2 муассисаи таълимӣ бо 1240 ҷойи нишаст, ки маблағи лоиҳавии пешбинишудаи он 26 млн. 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони биноҳои иловагӣ дар 5 муассисаи таълимӣ бо 2280 ҷойи нишаст, маблағи пешбинишудаи он 27 млн. 650 ҳазор сомонӣ, сохтмони муассисаи таълимии томактабӣ бо 120 ҷойи нишаст бо маблағи 2 млн. 300 ҳазор сомонӣ ва дигар биноҳои таълимию табобатии замонавӣ дар доираи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Қурғонтеппа барои солҳои 2016-2020» дар назар аст.
Барнома аз 1 январи соли 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди амал қарор гирифт.
Дар доираи барнома татбиқи зиёда аз 130 лоиҳа пешбинӣ шудааст. Маблағгузории он дар тӯли 5 соли оянда солҳои 2016-2020 ба ҳамаи соҳаҳо ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 1 миллиарду 751 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Тибқи ин барнома дар минтақаи саноатӣ бунёди 12 корхонаи истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст. Тӯли солҳои 2016-2020 дар шаҳр сохтмону барқарорсозии зиёда аз 60 иншоот аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






