Тавилдара: 5 ҳолати риоя накардани талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ ба қайд гирифта шуд
Тавилдара, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар соли 2015 барои сохтмони асосии ноҳияи Тавилдара аз буҷет 1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки аз ин 583 ҳазор сомонӣ барои идома додани сохтмони бинои мақомоти иҷроияи ноҳия, 200 ҳазор сомонӣ барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 56-и деҳаи Вуҷун ва 133 ҳазор сомонӣ барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Шур ҷудо гардидааст, ки корҳои сохтмонӣ дар биноҳои мазкур ба итмом расонида шуданд.
Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти ғайридавлатӣ дар якчанд иншооти ноҳия корҳои сохтмонӣ идома дошта, баъзеашон ба истифода дода шуданд.
Ҷамъ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар соли сипаригардида ба маблағи 13 миллиону 220 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, сохтмони баъзе аз онҳо дар соли 2016 идома меёбанд.
Инчунин дар соли 2015 аз тарафи бахши меъморию шаҳрсозӣ 5 ҳолати риоя накардани талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб ба маблағи 4 ҳазору 280 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






