Тавилдара: Даромади буҷет дар соли 2015 3 миллиону 473 ҳазору 773 сомонӣ
Тавилдара, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар» )- Қисми даромади буҷети ноҳияи Тавилдара дар соли 2015 ба ҷои 2 миллиону 917 ҳазору 714 сомонии дар нақша пешбинишуда 3 миллиону 473 ҳазору 773 сомонӣ иҷро шудааст, ки он ба 119,1 дарсади нақша баробар аст.
Воридоти андози иҷтимоӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ба андозаи 3 миллиону 240 ҳазору 228 сомонӣ дар ин давра иҷро гардид, ки он 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар соли сипаригардида ба маблағи 6 миллиону 761 ҳазору 946 сомонӣ, ё ин ки 110,1 дарсад иҷро шудааст ва ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 1 миллиону 105 ҳазору 480 сомонӣ зиёд мебошад.
Бақияпулиҳои андоз 66 ҳазору 142 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 2 ҳазору 820 сомонӣ кам мебошад.
Қисми хароҷотии буҷет дар соли 2015 ба ҷои 18 миллиону 492 ҳазору 393 сомонии нақша 17 миллиону 338 ҳазору 952 сомонӣ иҷро шудааст, ки он ба 94 дарсади қисми хароҷот баробар аст.
Сабаби иҷро нашудани қисми хароҷоти буҷет ин аз ҳисоби Вазорати молия ҷудо нагардидани 1 миллиону 7 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои кории ташкилоту муассисаҳои ноҳия мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






