Театри давлатии лӯхтак: Сафари ҳунарӣ моро бо бачаҳо қаринтар кард
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Дар соли 2015 ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи «Кист гунаҳкор?» (муаллиф Л. Кожевников, таҳияи Иззатулло Сафаров) ва бо хонандагони студияи бачагонаи «Исмоил»-и назди театр намоишномаи навро бо номи «Бузаки ҷингилапо» (аз рӯйи афсонаи машҳури халқи тоҷик дар таҳияи Савринисо Сабзалиева ва Моҳпайкар Ёрова) ба саҳна гузоштанд. Кормандони Театри давлатии лӯхтак дар ин давра ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари ҳунарӣ намуда, бо дӯстдорони театр аз наздик вохӯрданд. «Сафарҳои ҳунарӣ моро бо бачаҳо қаринтар кард, зеро дар суҳбат бо онҳо мо фикру андешаашонро нисбат ба намоишномаҳо пурсон шуда, дар оянда ҳангоми таҳияи намоишномаҳои нав онҳоро ба инобат мегирем. Мақсад дорем, ки дар оянда ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафари ҳунарӣ намоем», — мегӯянд ҳунармандони театр.
Дар соли сипаришуда Театри давлатии лӯхтак дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Так-Теке» дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Куралай» дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона бо намоиши «Найрангҳои Шӯртанмоҳӣ» (муаллиф В.Маслов, таҳиягар Зафар Ҷаводов) иштирок карданд. Инчунин дар ин давра бо намоишномаи «Маликаи шӯх»-и Ҳ.Салимов дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак дар шаҳри Қустанойи Ҷумҳурии Қазоқистон бо муваффақият баромад намуданд.
Бо мусоидат ва ташаббуси Театри давлатии лӯхтак дар соли 2015 Театри давлатии лӯхтаки «Равлик»-и шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина бо намоишномаи «Бозиҳои хатарнок» (муаллиф ва коргардон Ю.Титаров) ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ дошт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






