Теъдоди аъзои Китобхонаи миллӣ ба 83 ҳазору 463 нафар расидааст
Душанбе, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар» )- Соли 2015 дар Китобхонаи миллӣ 14 ҷаласаи Шўрои илмиву методӣ доир гардида, дар он 63 масъалаи муҳими марбут ба фаъолияти Китобхонаи миллӣ, 26 гузориши сардорони шуъбаву бахшҳои китобхона баррасӣ гардида, 38 қарор қабул шуд.
Дар зарфи як сол 182 ҳазору 486 нусха адабиёт ба маблағи умумии 743 ҳазору 804,31 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор дода шуд.
Теъдоди аъзои Китобхонаи миллӣ аз оғоз то ба ин дам ба 83 ҳазору 463 нафар расидааст. Соли равон 21 ҳазору 106 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд, ки нисбат соли 2014-ум 2575 нафар бештар аст.
Соли гузашта теъдоди наврасону хонандагони хурдсол афзуда, ҳамзамон бо ин толори хониши кӯдакон бо роҳандозии чандин чорабиниҳои вижа барои ҷалби бештари хонандагони ҷавон талошҳои судманд анҷом додааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






