Техникаву яроқҳои Қазоқистон иқтидори артиши Урдунро меафзоянд
Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Таҷҳизот ва силоҳҳои ҳарбии истеҳсоли Қазоқистон иқтидори низомии артиши Урдунро пурра мегардонанд. Тавре ки Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар медиҳад, барои дастрас намудани таҷҳизоти низомӣ, дар ҷараёни сафари вазири мудофиаи Қазоқистон ба Урдун созишнома ба имзо расид. Тибқи иттилои манбаъ, яке аз мавзуъҳои муҳими ин сафар низ ба имзо расонидани созишнома байни ҳукумати Қазоқистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар бораи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ арзёбӣ мегардад. Ин созишнома ҳамчунин барои ҳамкорӣ байни қувваҳои мусаллаҳ ва саноати мудофиаи ду кишвар низ заминаи мусоид хоҳад гузошт. Дар доираи ин созишнома барои харид намудани мошинҳои зиреҳпӯши чархдори «Арлан»-и Қазоқистон низ мувофиқа ҳосил шудааст.
Мошинҳои низомии зиреҳпӯшро ширкати маҳаллии «Қазоқистон Парамаунт инҷиниринг», ки охири соли гузашта дар Остона кушода шуд, истеҳсол менамояд. Ин навъи мошини зиреҳпӯш барои ҳамаи фаслҳои сол ва шароити иқлим муносиб буда, аз лиҳози тавоноии техникӣ ба талаботи низомӣ ҷавобгӯст. Тибқи хулосаи техникӣ ин мошинҳо 50 кг маводи таркандаро тобовар мебошанд ва ҳатто дар сурати инфиҷори аз 8 то 14 кг тротил зарар намебинанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






