Темурмалик: машварати судманд барои ҷавонон
Темурмалик, 09.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади бедор намудани ҳисси миллӣ ва забондонии ҷавонон, шиносоии онҳо бо фарҳанги бою ғании гузаштагон бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Темурмалик пайваста машварату омӯзишҳоро бо доираи васеи ҷавонони ноҳия доир менамояд. Дар гимназияи давлатии ноҳия дар мавзӯи «Ҷавонони кишвар давомдиҳандагони мероси адабии бузургони мо» машварат доир гардид. Тибқи иттилои директори гимназияи давлатӣ Шариф Ҳомидов дар машварат оид ба фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ миёни ҷавонон дар самти нигаҳдории урфу одатҳои миллӣ, давом додани мероси адабии бузургон, дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми шоирону нависандагони тоҷик дар таълиму тарбияи ҷавонон, одобу ахлоқ ва панду андарзҳои гузаштагон сухан карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






