«Тоҷик Эйр»: соли 2015 беш аз 311 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Душанбе, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» соли сипаришуда 311 ҳазору 200 мусофир интиқол дод, ки 83,9 фоизи нишондиҳандаи соли 2014 -ро (59700 нафар кам) ташкил намуд.
Бино ба иттилои роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр», сабаби асосии камшавии ҳаҷми мусофиркашонӣ риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия дар бораи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави ФР аз 1 январи соли 2015 бо шиносномаҳои хориҷӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ мебошад.
Ҳаҷми интиқолу бору почта соли 2015- 647,1 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 — 38,5 фоиз кам мебошад.








Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд






