Тоҷикистон муборизаро бар зидди коррупсия пурзӯр мегардонад
Душанбе, 27.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди коррупсия пурзӯр мегардонад. Дар ин росто вакилони Маҷлиси намояндагон 27 январ ба як кодекс -Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чор лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ва «Дар бораи маориф» илова ворид намуданд.
Рустам Шоҳмурод -вазири адлияи кишвар зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур гуфт, ки ворид намудани илова ба қонунҳои зикршуда, ваколатҳои мақомоти марбутаро дар самти пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ва уҳдадориҳои онҳо муайян менамояд. Тибқи он мақомоти марбута барномаҳои давлатию идоравиро оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ки зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа маҳсуб мешавад, омода мекунанд.
Вазири адлияи кишвар зикр намуд, ки Тоҷикистон дар самти мубориза ва пешгирӣ аз кирдорҳои коррупсионӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санади байналмилалии вобаста ба коррупсия, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсияро тасдиқ намудааст. Инчунин дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», инчунин «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро қабул намудааст. Ҳамзамон бо мақсади дар ҳамбастагӣ мубориза намудан бар зидди коррупсия дар кишвар Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия фаъолият менамояд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






