Тоҷикистон муваққатан фаъолияти консулгариҳои худро дар Файзобод ва Кундузи Афғонистон қатъ кард
Душанбе, 16.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо сабаби вазъияти баамаломада дар вилоятҳои шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, фаъолияти консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Файзобод ва Қундузи Афғонистон муваққатан боздошта шуда, дар сурати ором шудани вазъият, дубора оғоз хоҳад шуд.
Ин иқдом ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Қундуз ба роҳ андохта шудааст.
Бояд гуфт, ки 28 сентябри соли 2015 ҳангоми ишғоли шаҳри Кундуз тавассути ҷангиёни ҳаракати «Толибон», Консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр яке аз аввалин биноҳое буд, ки мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифт.
Ҳамчунин 16 майи соли 2014 Консули Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудӣ мавриди ҳуҷуми мусаллаҳона қарор гирифта, захмӣ шуд.
Бо назардошти эҳтимоли такрори чунин амалҳо, ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ноором дар вилоятҳои Бадахшон ва Кундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки фаъолияти консулгариҳо дар ин минтақаҳо муваққатан боздошта шавад.
Лозим ба зикр аст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ва Консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф фаъолияти худро чун пештара идома медиҳанд.








Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид






