Тоҷикистон муваққатан фаъолияти консулгариҳои худро дар Файзобод ва Кундузи Афғонистон қатъ кард

Январь 16, 2016 08:52

Душанбе, 16.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо сабаби вазъияти баамаломада дар вилоятҳои шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, фаъолияти консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Файзобод ва Қундузи Афғонистон муваққатан боздошта шуда, дар сурати ором шудани вазъият, дубора оғоз хоҳад шуд.
Ин иқдом ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Қундуз ба роҳ андохта шудааст.
Бояд гуфт, ки 28 сентябри соли 2015 ҳангоми ишғоли шаҳри Кундуз тавассути ҷангиёни ҳаракати «Толибон», Консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр яке аз аввалин биноҳое буд, ки мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифт.
Ҳамчунин 16 майи соли 2014 Консули Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудӣ мавриди ҳуҷуми мусаллаҳона қарор гирифта, захмӣ шуд.
Бо назардошти эҳтимоли такрори чунин амалҳо, ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ноором дар вилоятҳои Бадахшон ва Кундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки фаъолияти консулгариҳо дар ин минтақаҳо муваққатан боздошта шавад.
Лозим ба зикр аст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ва Консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф фаъолияти худро чун пештара идома медиҳанд.

Январь 16, 2016 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид