«Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷавонон»
Душанбе, 09.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷавонон»-чунин унвон дошт мулоқоте, ки бо ҷавонони ТАҚХ «Арванд» дар ноҳияи Ғончӣ баргузор гардида.
Мулоқоти мазкур бо ҷавонони ташкилоте, ки дар ноҳия аз ташкилоти қарздиҳии пешсаф буда, аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон бо тамоми ҳастияшон миннатдор ҳастанд, дар руҳияи болидахотирӣ баргузор гардид, зеро аксарияти кормандони ташкилоти мазкурро ҷавонон ташкил дода, имрўз он ҷавонписарону ҷавондухтароне, ки соҳиби донишу малака ва ҷаҳонбинии муосир ҳастанд, дар ин муассиса кору фаъолият доранд ва ҳангоми музокира аз ҷониби онҳо чунин сиёсати Пешвои миллат нисбат ба насли ояндаи Тоҷикистон ҷонибдорӣ шуд.
Зикр гардид, ки Президенти мо ҳамасола бо ҷавонон мулоқот ва суҳбати хосса мекунад. Дар ҳар чорабинӣ, мулоқот ва ҳар сафаре, ки Пешвои миллат ба гўшаю канори Тоҷикистони азиз мекунад, албатта, бо қишри ҷавони ҷомеаи мо мулоқоту суҳбат барпо мекунад, ки аз ин гуна ғамхориҳои падаронаи Эмомалӣ Раҳмон дар дили ҳар ҷавон тухми умед ба ояндаи дурахшон кошта мешавад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






